Хабарҳо

 

 

 

 

Май 2024

 

 
Мубодилаи асъор

1 USA

с.

1 EURO

с.

1 RUBL

с.

 

Маълумот

Сомонаҳои мо:
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

E-mail:
azim_84@mail.ru
timur-ibodov@mail.ru

Телефон:
(992) 93-459-99-52
(992) 98-803-30-10

 

 

НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ноҳияи Ваҳдат

Ноҳияи Ваҳдат яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 17 сентябри соли 1927 бо номи ноҳияи Янгибозор дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар апрели соли 1936 ноҳияи Орҷоникидзеобод номида шуд.

Бар асоси Қарори № 476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 ноҳияи Кофарниҳон номида шуд. Бар асоси Қарори № 389 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Ваҳдат номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ваҳдат аст ки 21 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Кофурниҳон ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Ваҳдат бо сарзамине 3987,29 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Аз сӯи ғарб ба канораҳои шарқии шаҳри Душанбе мепайвандад. Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад.

Ноҳияи Ваҳдат дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ғарб — бо ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Роғун ва Файзобод, дар шарқ — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Норак ва Ёвони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ваҳдат ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофарниҳон мегузарад.

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Ваҳдат Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ваҳдат - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ваҳдат 1 шаҳр - Ваҳдат ва 10 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат

Ҷамоатҳо

Аҳолӣ

шаҳри Ваҳдат

29 682

А. Абдулвосиев

14 263

Баҳор

22 258

Б. Бурунов

25 513

Дӯстӣ

15 524

Гулистон

17 178

Ромит

10 338

Р. Исмоилов

23 131

Симиганҷ

24 249

Чорсӯ

2 871

Чӯянгарон

13 070

 

Ноҳияи Варзоб  ·   Ноҳияи Ваҳдат  ·   Ноҳияи Нуробод  ·   Ноҳияи Рашт  ·  
Ноҳияи Роғун  ·   Ноҳияи Рӯдакӣ  ·   Ноҳияи Тавилдара  ·   Ноҳияи Тоҷикобод  ·  
Ноҳияи Турсунзода  ·   Ноҳияи Файзобод  ·   Ноҳияи Ҳисор  ·   Ноҳияи Шаҳринав  ·   Ноҳияи Ҷиргатол